Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне

Posted Tue, 10/27/2026 - 22:14
By shahnavoz

27 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонк, рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имкониятҳои густариши сармоягузорӣ баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонкро яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар рушди иқтисод, инфрасохтор ва бахши хусусӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос карданд.

Ифтитоҳи ҶДММ Шаҳдоб дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Posted Tue, 10/27/2026 - 22:13
By shahnavoz

27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ Шаҳдоб оғоз бахшиданд.

Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фатҳулло Соҳибов дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар заминаи дастгирии соҳибкории хусусӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли нушобаҳо ва маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда шудааст.

Ифтитоҳи корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ Эко Блок дар шаҳри Душанбе

Posted Tue, 10/27/2026 - 22:11
By shahnavoz

27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи   масолеҳи сохтмонии ҶДММ Эко Блокро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст. Иншооти нави саноатӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ калонтарин корхонаи хишти сабук дар кишвар ба шумор меравад.

Гузоштани санги асоси бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе

Posted Tue, 10/27/2026 - 22:11
By shahnavoz

27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд.

Ифтитоҳи коргоҳи коркарди моҳии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Баҳор дар шаҳри Ваҳдат

Posted Mon, 10/26/2026 - 10:03
By shahnavoz

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Баҳорро ифтитоҳ намуданд.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори содиротии хоҷагӣ то охири соли 2026 то 300 тонна моҳиро ташкил медиҳад ва дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми он ба 1000 тонна дар як сол расонда шавад.

Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намудани 16 иншоот дар шаҳри Ваҳдат

Posted Mon, 10/26/2026 - 10:02
By shahnavoz

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд.

Нахуст Роҳбари давлат ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли шишаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз бо 30 ҷойи корӣ дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов расман оғоз бахшиданд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии Алянс мебел дар шаҳри Ваҳдат

Posted Mon, 10/26/2026 - 10:00
By shahnavoz

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори деҳоти Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии Алянс мебелро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллозода дар ҳудуди минтақаи саноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хушрӯз дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2026 оғоз ёфта буд.

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар шаҳри Ваҳдат

Posted Mon, 10/26/2026 - 09:59
By shahnavoz

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.

Гузоштани санги асоси сохтмони роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун ба масофаи 70 километр ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар пули мошингузари ноҳияи Нуробод

Posted Mon, 10/26/2026 - 09:58
By shahnavoz

24 октябр зимни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Оби Гарм санги асос гузоштанд.

Лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи бехатарии роҳ ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ равона гардидааст.

Ифтитоҳи маркази ташхисӣ ва табобатии Лормед дар шаҳри Ваҳдат

Posted Mon, 10/26/2026 - 09:57
By shahnavoz

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази ташхисӣ ва табобатии Лормед дар шаҳри Ваҳдатро ба истифода доданд.

Иншооти нави тандурустӣ аз ҷониби соҳибкор Сулаймон Алиев бунёд гардида, дорои 25 кат мебошад ва дар он барои ташхису табобат шароит фароҳам оварда шудааст.